
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, санаи 6-уми сентябри соли равон дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ – неъмати бебаҳост» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб Мусулмон Қосимзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдуваҳҳоб Шарифзода, роҳбарону фаъолон ва сокинони деҳа ширкат варзиданд. Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас масъулон ба ҳар як хонадони деҳаи Такфон Парчами давлатӣ тақдим намуда, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони Ҷамоати деҳоти Анзоб дидан намуданд.
Мусулмон Қосимзода дар суханронии худ ҳозиринро бо фарорасии 34-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки ин рӯйдоди тақдирсоз барои миллати тоҷик саҳифаи нави таърихро боз намуд. Ба таъкиди ӯ, бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ормони ҳазорсолаи халқи тамаддунофари тоҷик амалӣ гардида, давлати тоҷикон соҳиби соҳибихтиёрӣ ва нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ шуд.
Сипас, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдуваҳҳоб Шарифзода паёми табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзодаро ба ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди миллат буда, ҳамаи пешрафту комёбиҳои кишвар маҳз дар партави он ба даст омадаанд. Ӯ аз ҷумла гуфт:
«Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик на танҳо рамзи озодӣ ва давлатдорӣ, балки манбаи худшиносиву худогоҳӣ ва кафолати рушду нумӯи давлатдории миллист. Имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қадамҳои устувор дар роҳи тараққиёт пеш меравад. Ҳар яки мо бояд қадри ин дастоварди беназирро бидонем ва барои ҳифзу таҳкими он саъю талош намоем».
Дар интиҳо барномаи фарҳангии бошукӯҳи кормандони бахши фарҳанги ноҳия баргузор гардида, бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу намоишҳои рангоранг хотираи иштирокчиёнро шод намуд.





и ещё 7