
Дар арафаи таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода тозакорони ноҳияро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия даъват намуда, онҳоро бо фарорасии ин иди бузурги миллӣ самимона табрик ва муборакбод намуд.
Зимни суханронии худ Равшан Раҳимзода аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда таъкид дошт:
«Тозагӣ нишони фарҳанги баланди миллӣ ва омили муҳими саломатии ҷомеа мебошад. Ҳар як фарди худшинос бояд ба ҳифзи муҳити зист ва тозагии атроф саҳмгузор бошад».
Раиси ноҳия изҳор дошт, ки фаъолияти тозакорон дар зебоӣ ва солимии муҳити зист нақши ҳалкунанда дошта, заҳмати онҳо арзандаи қадршиносӣ мебошад. Ӯ қайд кард, ки маҳз заҳмати шабонарӯзии кӯчарӯбон боис мегардад, ки кӯчаю маҳаллаҳо, роҳу бозорҳо ҳамеша покиза ва зебо бошанд.
Бо мақсади қадршиносӣ аз хизмати софдилонаи онҳо, роҳбарияти ноҳия ба тозакорон маводи хӯрока тақдим намуда, ба онҳо барои меҳнати пуршарафашон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Зикр гардид, ки тозагӣ на танҳо масъулияти кормандони соҳаи ободонӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад ва дар таҳкими симои зебои ноҳияи Айнӣ саҳми тозакорон ниҳоят арзишманд аст.





и ещё 2