
Имрӯзҳо дар саросари ноҳияи Айнӣ бахшида ба ҷашни бошукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва созандагиву ободонӣ баргузор гардида истодаанд.
Яке аз чунин чорабиниҳои идона ва хотирмон дар боғи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36, ба номи Боймурод Хуҷамуроди деҳаи Кантеи Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ доир гардид. Дар ин маҳфили бошукӯҳ мардуми зиёди маҳаллӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва чеҳраҳои болида иштирок намуданд.
Чорабиниро Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо суханронии табрикотӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар деҳаи Канте боздид ба амал оварда, бо ташаббус ва саҳми сокинони деҳа бунёд гардидани як қатор иншооти иҷтимоиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, бо иқдоми худи сокинон бинои махсус барои баргузории маъракаҳои иҷтимоӣ, як толори варзишии муосир ва сафолакпӯш намудани саҳни Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 амалӣ гардидааст.
Раиси ноҳия ба шахсони саховатпеша, ташаббускорон ва сокинони обруманди деҳа, ки дар ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои фаъолияти содиқона ва ватандӯстонаашон барору комёбиҳо орзу намуд.
Ҳангоми ба истифода додани толори варзишӣ, Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, таъкид намуданд, ки ҷавонон нерӯи созандаи миллатанд ва моро лозим аст барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни онҳо тамоми шароити заруриро фароҳам оварем”.
Раиси ноҳия изҳор дошт, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ заминаи мусоид барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва дур нигоҳ доштани онҳо аз падидаҳои номатлуб мегардад.
Сипас, Раиси ноҳия дар назди фаъолони Ҷамоати деҳоти Фондарё ва сокинони деҳаи Канте суханронӣ намуда, ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастоварди бузург ва сарбаландии ҳар як шаҳрванди мамлакат арзёбӣ карда, зикр намуд, ки имрӯз Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо буда, маҳз бо шарофати он дар ҳар гӯшаи кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Вобаста ба ин, аз ҳар як сокини кишвар талаб карда мешавад, ки ба қадри ин неъмат расида, дар ободии Ватан ҳиссагузор бошанд”.
Раиси ноҳия ҳамзамон ба сардорони ҳашарҳо ва ташаббускорони корҳои бунёдкорӣ Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуда, фаъолияти онҳо дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва Пешвои муаззами миллатро намунаи ибрат ва сазовори дастгирӣ арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҳамбастагӣ ва якдилии мардум дар амалӣ намудани корҳои ободонӣ бозгӯкунандаи худшиносии миллӣ ва ватандӯстии онҳо мебошад.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ, барномаи консертии идонаи сарояндагони бахши фарҳанги ноҳия манзури ҳозирин гардид, ки ба тантана шукуҳи хос бахшида, табъи мардумро болида намуд.
Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ





и ещё 48