Хабарҳои руз

ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА», «МАҲАЛЛА БА МАҲАЛЛА» ВА «ХОНА БА ХОНА» ДАР ДЕҲАИ ВЕШАБ, ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШАМТУЧ

Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаҳои рӯзҳои 17 ва 31 июли соли равон ироа гардида буданд, дар деҳаи Вешаби Ҷамоати деҳоти Шамтуч вохӯрии судманд баргузор гардид.
Гурӯҳи таблиғотӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода роҳандозӣ гардида, дар он муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Насим Носиров ва раиси Ҷамоати деҳоти Шамтуч Баҳриддин Назарзода низ ширкат варзиданд.
Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ҳангоми мулоқот бо сокинон ба масъалаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, зарурати истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, ҷамъоварии самараноки ҳосил, захираи кофии маводи ғизоӣ ва пешгирии гароиши ҷавонон ба равияҳои бегонаву ифротиро таъкид карданд. Ҳамзамон, саҳмгузории соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар бунёд ва азнавсозии ҳаммомҳои ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Зикр гардид, ки риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳатмист. Дар ин замина суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардиданд: «Риояи қонунҳои кишвар ва иҷрои софдилонаи онҳо кафили суботу амнияти ҷомеа ва заминаи рушди давлат мебошад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол уҳдадор аст, ки эҳтироми қонунҳоро шарти асосии зиндагии худ қарор диҳад.»
Дар идомаи вохӯрӣ масъулон бо назардошти ҷашни таърихиву муқаддаси 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинонро самимона табрик намуда, хотиррасон карданд, ки истиқлолият рамзи сарбаландиву озодии миллат буда, ҳифзу таҳкими он қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Бо ҳамин мақсад, то рӯзи 15-уми сентябр ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, ҳашарҳои оммавӣ ва тозагии муҳит вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сокини деҳа арзёбӣ шуд.
Сокинон зимни саволу ҷавоб андешаҳои худро баён намуда, пешниҳодҳои арзанда ироа карданд. Вохӯрӣ дар фазои самимӣ ҷамъбаст гардида, таъкид шуд, ки чунин мулоқотҳо минбаъд низ идома ёфта, ба таҳкими робитаи ҷомеа бо мақомоти давлатӣ мусоидат хоҳанд кард.

Leave a Reply

Back to top button