Хабарҳои руз

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Имрӯз, 6-уми сентябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қабули навбатии шаҳрвандон баргузор гардид. Қабули шаҳрвандонро Раиси ноҳияи Айнӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Айнӣ №22, Давлатзода Қиёмиддин, баргузор намуданд.
Ин қабули шаҳрвандон дар доираи равзанаи ягона, ки ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе сурат мегирад, роҳандозӣ гардида, дар он инчунин муовини якум, муовинони Раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳо, ҳамчунин роҳбарони зерсохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар рафти қабули имрӯза, 12 нафар шаҳрвандони ноҳияи Айнӣ бо 9 масъалаи муҳим ба Раиси ноҳия ва вакили МНМО ҶТ аз ҳавзаи якмандатаи Айнӣ №22 муроҷиат карданд. Мавзӯҳои асосии муроҷиатҳо бештар масъалаҳои рӯзмарраро фаро мегирифтанд, аз ҷумла:
* баҳсҳои марбут ба қитъаҳои замин;
* ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ;
* таъмини оби нӯшокӣ;
* дархостҳо оид ба кӯмаки моддӣ;
* сохтмони Муассисаи таълимӣ;
* бунёди Маркази ҷамъиятӣ;
* дигар мушкилоти иҷтимоӣ ва маишӣ.
Раиси ноҳия муҳтарам Равшан Раҳимзода ба сохторҳои марбута дастурҳои қатъӣ дод, то муроҷиатҳои шаҳрвандон дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» сари вақт ва бо масъулияти баланд мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба ҳалли мушкилоти сокинон аҳамияти ҷиддӣ дода, минбаъд низ чунин қабули оммавии шаҳрвандонро мунтазам роҳандозӣ менамояд.
и ещё 13

Leave a Reply

Back to top button