
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлол санаи 4-уми сентябри соли равон дар деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-Дар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳост» бо иштироки муовини раиси ноҳия Саидзода Зебо ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Абдулзода Муҳаммадҷон баргузор гардид.
Ҷиҳати боз ҳам бошукӯҳ таҷлил намудани ин ҷашни бузург, масъулин ба ҳар як хонаи деҳаи Искодар парчами давлатӣ тақдим карданд. Сипас меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии аҳли деҳаи Урмеман боздид намуданд.
Саидзода Зебо ҳозиринро бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ шодбош намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад. Бо зуҳури ин рӯйдоди нодир ормони ҳазорсолаи халқи тамаддунофар амалӣ гардид. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон кард, ки ин сана ҳамчун иди муқаддас дар сарнавишти миллат ба таври ҷовидонӣ сабт шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Истиқлолияти давлатӣ чунин таъкид намудаанд:
«Истиқлолият неъмати бузург, рамзи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва шарафу номуси миллии мост. Маҳз Истиқлолият ба мо имконият дод, ки давлати озоду соҳибихтиёри худро бунёд намоем ва роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон боз кунем».
Дар фарҷом, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи идонаи бошукӯҳу ҷолиб пешкаш гардид, ки фазои идонаро боз ҳам хотирмонтар сохт.





и ещё 20