Хабарҳои руз

Вохӯрии прокурори ноҳияи Айнӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Урметан

Дар асоси нақшаи кори мақомоти прокуратура дар Ҷамоати деҳоти Урметан вохӯрии судманд бо иштироки прокурори ноҳия Саидҷамол Ҷалолзода баргузор гардид.
Дар мулоқот масоили риояи қонунҳои амалкунанда, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Прокурор таъкид намуд, ки иҷрои қонунҳои кишвар, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбия ва маърифати ҳуқуқӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Россия аз моҳи феврали соли 2024 воридот ва истифодаи «Ҳазориспанд» манъ буда, ду шаҳрванди Тоҷикистон барои қонуншиканӣ дар ин самт боздошт шудаанд.
Муовини якуми раиси ноҳия Суҳроб Раҳматзода иброз дошт, ки мақомоти иҷроия дар амалисозии барномаҳои давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд.
Дар вохӯрӣ инчунин суханони Пешвои миллат хотиррасон карда шуд, ки таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳушёрии ҷавонон омили асосии пешрафт ва амнияти ҷомеа мебошад.
Сокинон низ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо давлат дар иҷрои қонунҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ изҳор доштанд.
и ещё 5

Leave a Reply

Back to top button