
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, санаи 5-уми сентябри соли равон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Ҷамоати деҳоти Рарз – деҳаи Рарз чорабинии бошукӯҳи сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ – неъмати бебаҳост» баргузор гардид.
Дар оғози барнома роҳпаймоии бошукӯҳи сокинон бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои тараннумгари ваҳдату истиқлол доир гардид, ки ба маҳфил ҳусни тоза бахшид. Пас аз он маросими идона бо садо додани Суруди миллӣ ва суханронии масъулин оғоз ёфт.
Дар чорабинӣ раиси Ҷамоати деҳоти Рарз Эраҷалӣ Аминзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдусалом Раҷабов, сархатиби ноҳияи Айнӣ Парвиз Ҳоҷизода, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ҷамъи зиёди фаъолону сокинон ширкат варзиданд.
Раиси Ҷамоати деҳоти Рарз Эраҷалӣ Аминзода табрикоти Раиси ноҳияи Айнӣ, Равшан Раҳимзодаро ба ҳозирин расонида, таъкид кард, ки сарҷамъиву ягонагӣ ва ҳамбастагии сокинон асоси таҳкими давлат ва пешрафти ҷомеа буда, бояд ҳамеша ҳамчун рукни пойдори истиқлол ҳифз ва нигоҳ дошта шавад.
Зикргардид, ки истиқлол бузургтарин неъмати таърихӣ ва арзишест, ки бо заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст.
Баромадкунандагон ҳамчунин бо такя ба суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Истиқлолият рукни муқаддас ва арзиши таърихиест, ки тоҷикистониён бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд». Дар баробари ин, ёдовар гардид, ки миллати тоҷик бо вуҷуди санҷишҳои сангини таърих, забони модарӣ, фарҳанги воло ва ҳувияти миллии худро ҳифз намуда, имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоъ, маориф ва фарҳанг шарафёб гардидааст.
Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла хӯрокҳои миллии суннатӣ, либосҳои аҷдодӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ доир гардида, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд. Ҳамзамон, саҳнаҳои театрӣ ва барномаҳои фарҳангии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоат, ки ба таърихи пурифтихори давлатдорӣ ва арзиши истиқлол бахшида шуда буданд, намоиш дода шуданд.
Дар фарҷоми барнома бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ консерт ва барномаи ҷолиби идона пешниҳод намуд, ки бо суруду рақсу оҳангҳои ватандӯстона анҷом ёфт.
Чорабинии ҷашнӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва худшиносии сокинонро боз ҳам тақвият бахшид.





и ещё 6