Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ УРМЕТАН

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, санаи 3-юми сентябри соли равон бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Майдони Парчами давлатии деҳаи Урметан чорабинии сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ – неъмати бебаҳост» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Саидзода Зебо ширкат варзида, дар оғози барнома сокинонро бо фарорасии ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тозае кушода, ормони ҳазорсолаи халқи тамаддунофари тоҷикро амалӣ сохт. Таъкид гардид, ки 9 сентябри соли 1991 яке аз муҳимтарин воқеаҳои сарнавишти миллат ба вуқӯъ пайваст ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон рӯз ин санаи муқаддас ҳамчун рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҷовидон ҷой гирифт.
Саидзода Зебо ҳамзамон таъкид намуд, ки миллати тоҷик сарфи назар аз санҷишҳои сахти таърихӣ ва давраҳои пуршебу фароз, ҳамеша ҳувияти миллӣ, забони модарӣ ва арзишҳои асили фарҳангии худро ҳифз карда, имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги давлатӣ ва ҷаҳонӣ ноил гардидааст.
Дар идомаи барнома роҳпаймоии бошукӯҳ баргузор гардида, ҳунарҳои мардумии сокинони деҳаи Урметан ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар фарҷом бо ташаббуси бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуда, ҷашнвораи истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷамъбаст гардид.
и ещё 6

Leave a Reply

Back to top button