Хабарҳои руз

Вохӯрии прокурори ноҳияи Айнӣ бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Анзоб, Фондарё ва шаҳраки Зарафшон

Дар асоси нақшаи кори мақомоти прокуратура баҳри омӯзиш ва шарҳи вазъи амалишавии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Анзоб, Фондарё ва шаҳраки Зарафшон вохӯрии судманд бо иштироки прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода баргузор гардид.
Зимни мулоқот пешниҳодҳо ва дастуру ҳидоятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии шаҳрвандон аз ҳар гуна амалҳои ҷиноятӣ, инчунин роҳ надодан ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Прокурори ноҳия таъкид дошт, ки риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», инчунин санадҳои марбут ба истифодаи нерӯи барқ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баланд ва фарҳанги ҳуқуқии устуворро тақозо менамояд.
ПрокурориноҳияиАйнӣ СаидҷамолҶалолзода, ба иштирокчиён хотиррасон карда, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Россия аз моҳи феврали соли 2024 воридот ва истифодаи растании «Ҳазориспанд» манъ гардида, қонуншиканӣ дар ин самт метавонад боиси ҷарима, ҳабс ва ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад. Таъкид шуд, ки аллакай ду шаҳрванди Тоҷикистон барои ворид кардани «Ҳазориспанд» ба қаламрави Федератсияи Россия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Зимнан, Фарҳод Мукаррамзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар иҷрои барномаҳои давлатӣ ҳамеша ҷидду талош меварзанд.
Дар рафти мулоқот инчунин суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ гардиданд, ки борҳо таъкид кардаанд:
«Таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар як шаҳрванд мебошад. Зеро танҳо ҷомеае, ки қонунро эҳтиром мекунад, метавонад пешрафт ва зиндагии осуда дошта бошад.»
Ҳамзамон, Пешвои миллат ҳамеша ҳушдор додаанд, ки ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, то фирефтаи ифротгароён нашаванд:
«Ҷавононро зарур аст, ки худро аз ҳар гуна таъсироти бегона, аз ҷумла ақидаҳои ифротгароиву террористӣ дур нигоҳ доранд, зеро ояндаи давлату миллат маҳз ба онҳо вобаста мебошад.»
Сокинон низ дар ҷараёни вохӯрӣ саволу пешниҳодҳои худро ба миён гузошта, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории фаъол бо мақомоти давлатӣ барои иҷрои қонунҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ баён намуданд.

Leave a Reply

Back to top button