Хабарҳои руз

Қонунро донед – худро ҳифз намоед!

(Дар бораи манъ будани истифодаи растании “Ҳазориспанд” дар ҳудуди Федератсияи Россия)
Прокуратураи ноҳияи Айнӣ ба самъи тамоми сокинони ноҳия, шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки аз моҳи феврали соли 2024 растании “Ҳазориспанд” дар ҳудуди Федератсияи Россия ба рӯйхати растаниҳое дохил карда шудааст, ки он дорои маводи мухаддир, психотропӣ ё прекурсҳои онҳо мебошад.
Муомилоти ғайриқонунӣ ва истифодаи ин растанӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, аз ҷумла воридот барои мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ манъ буда, тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҷазо дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад ва барои шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ (депортатсия) аз қаламравӣ Федератсияи Россия муайян карда шудааст.
Барои аз 10 адад зиёд бо худ доштани растании “Ҳазориспанд” ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакли ҷарима ба маблағи миллион рубли русӣ ё ин ки ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ вобаста ба вазнинии ин ҷиноят(вобаста ба миқдор ва андозаи ин растанӣ) пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои бадастоварда, аллакай ду нафар зани тоҷик, ки бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ растании “Ҳазориспанд”-ро ба Федератсияи Россия ҳамроҳи худ гирифтаанд, дар фурудгоҳҳои Федератсияи Россия дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Нисбати яке аз онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 228 қисми 2 (яъне, ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳдорӣ, интиқол, истеҳсол, коркард, бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё ҳамтоёни онҳо ба андозаи ҳаҷмаш калон) ва 229 иловаи 1 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия оғоз гардида, пас аз ба итмом расонидани тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол ва охирин бо ҳукми суди Федератсияи Россия ба ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардидааст.
Аз ин рӯ, аз ҳама шаҳрвандон бахусус сокинони ноҳия ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд хоҳиш менамоем, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ аз ҷумла воридот ва истифодаи ин растанӣ барои мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ дар қаламрави Федератсияи Россия худдорӣ намуда, худ ва наздиконашонро аз ҳама гуна хатар эмин нигоҳ доранд.
Прокуратураи ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button