
Дар асоси нақшаи кори мақомоти прокуратура баҳри омӯзиш ва шарҳи вазъи амалишавии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар дар Ҷамоати деҳоти Рарз вохӯрии судманд бо иштироки прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ки бо ҳузури фаъолонаи сокинон ва роҳбарияти ҷамоат доир гардид, дастуру ҳидоятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифта, масъалаҳои пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо, ҷинояткорӣ, инчунин роҳ надодан ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Прокурори ноҳия таъкид дошт, ки риояи талаботи қонунҳои амалкунанда барои ҳар як шаҳрванд қарзи муҳими конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шарҳ дода шуданд. Ҳамзамон, дар бораи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» низ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Илова бар ин, ба иштирокчиён хотиррасон карда шуд, ки тибқи қонунгузории Федератсияи Россия аз моҳи феврали соли 2024 воридот ва истифодаи растании «Ҳазориспанд» манъ гардида, қонуншиканӣ дар ин самт метавонад боиси ҷарима, ҳабс ва ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад. Таъкид шуд, ки аллакай ду шаҳрванди Тоҷикистон барои ворид кардани «Ҳазориспанд» ба қаламрави Федератсияи Россия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Эраҷалӣ Аминзода, раиси Ҷамоати деҳоти Рарз, зимни суханронии худ зикр кард, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷамоат пайваста чораандешӣ менамоянд.
Сокинони ҷамоат низ бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ саволу пешниҳодҳои худро иброз дошта, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории фаъол бо мақомоти давлатӣ барои иҷрои талаботи қонунҳо, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна қонунвайронкуниҳо баён намуданд.
Чунин мулоқотҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ноҳия нақши муҳим мебозанд.
Қонунро донед – худро ҳифз намоед!





и ещё 4