
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми қаламрави ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос идома доранд. Яке аз самтҳои муҳими ин тадбирҳо — таъмиру мумфаршкунии роҳҳои мошингард, кӯчаву гузарҳо ва роҳҳои маҳалливу деҳот маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ мегардад.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, субҳи имрӯз — 5 сентябри соли 2025, дар шаҳраки Зарафшон-1-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон маросими оғози корҳои мумфаршкунии роҳи дохилии шаҳрак баргузор гардид. Дар маросими мазкур Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода иштирок намуда, аз ҷараёни корҳои иҷроишӣ боздид ба амал оварданд.
Мумфаршкунии роҳи мазкурро Филиали ширкати саҳҳомии “Инновайтив Роуд Солюшнз” дар минтақаи Зарафшон ба зимма дорад. Тибқи нақша, роҳ бо истифода аз масолеҳи босифат ва техникаи муосир мумфарш шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ хоҳад буд.
Раиси ноҳия зимни боздиди худ ба масъулини ширкат ва намояндагони сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид карданд, ки корҳои мумфаршкунӣ бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои муосири роҳсозӣ анҷом дода шаванд, то ки ин роҳ барои солҳои зиёд ба аҳолӣ хизмат расонад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар самти ободонии инфрасохтори роҳсозӣ минбаъд низ дар партави ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва рафтуомади осон ба сокинон талош хоҳад варзид.
Дар баробари роҳсозӣ, як қатор корҳои дигари созандагиву бунёдкорӣ низ дар саросари ноҳия амалӣ шуда истодаанд, ки ҳамаи онҳо ҳадафи аслӣ — сазовор истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори миллиро доранд.
Маркази матбуоти
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ





и ещё 10