Хабарҳои руз

Таъмиру азнавсозии Беморхонаи шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ

Дар сиёсати иҷтимоии давлат, соҳаи тандурустӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун бахши афзалиятнок ба шумор меравад. Бо ташаббуси Роҳбарияти олии кишвар дар ин самт тадбирҳои густарда рӯи даст гирифта шуда, пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ тақвият ёфта истодааст. Дар натиҷа, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ муассисаҳои муосири тиббӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ беҳтар мешавад.
Вобаста ба ин, 5-уми сентябри соли 2025, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозӣ аз Беморхонаи шаҳраки Зарафшон-1 боздид ба амал овард.
Айни ҳол дар ин муассисаи тандурустӣ таъмири куллӣ идома дошта, ин иқдом бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкорӣ бо Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии ин ташаббус — таъмини шароити беҳтари хизматрасонии тиббӣ ба сокинони маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мебошад.
Раиси ноҳия зимни боздид бо кормандони Беморхона, аз ҷумла табибон ва намояндагони гурӯҳи сохтмонӣ суҳбат намуда, таъкид доштанд, ки ҳамаи ин пешравиҳо ва дастовардҳо самараи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки саломатии миллат — боигарии давлат аст. Ин нуктаи муҳиму сарнавиштсоз пайваста дар ҳидоятҳои Пешвои миллат таъкид мегардад. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз ҳама имконияту захираҳо барои беҳтар кардани вазъи муассисаҳои тандурустӣ ва таъмини шаҳрвандон бо хизматрасониҳои босифати тиббӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар доираи боздид Равшан Раҳимзода ба масъулини иҷрои корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз онҳо тақозо намуд, ки таъмир бо сифати баланд, дар муҳлатҳои муқарраргардида ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шавад.
Ҳамзамон, ба ҳайати кормандони Беморхона супориш дода шуд, ки аз шароити муҳайёшуда истифодаи самаранок бурда, ба мардум бо сифати беҳтару сатҳи баланди касбӣ хизмат расонанд.
Маркази матбуоти
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ
и ещё 8

Leave a Reply

Back to top button