
Санаи 4-уми сентябри соли 2025, дар китобхонаи системаи марказонидашудаи №1-и маркази ноҳияи Айнӣ, бахшида ба Рӯзи китоб, чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар толори хурди китобхона бо иштироки васеи хонандагон, омӯзгорон, намояндагони соҳаи фарҳанг ва дӯстдорони китоб доир шуда, бо намоиши китобҳои тозаинтишор, осори адибони тоҷик ва маводи илмиву тарбиявӣ оғоз ёфт. Ин намоиш таваҷҷуҳи хосаи иштирокчиёнро ба худ ҷалб кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ муҳити фарҳангӣ ва илмомӯзӣ фароҳам оварда шуда, хонандагони фаъоли китобхона бо қироати шеърҳо, порчаҳо аз осори адибони классик ва муосири тоҷик, инчунин баромадҳо дар мавзӯи нақши китоб дар рушди маънавиёт ва ҷаҳонбинии инсон, маҳорати хешро ба намоиш гузоштанд. Қироати шеърҳои ватандӯстона ва пандомӯзи кӯдакону наврасон фазои рӯҳбаланду илҳомбахшро дар толор ба вуҷуд овард.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест!
Чорабинӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ сурат гирифта, дар он мизи мудаввар низ баргузор гардид. Мудири китобхона Турсунмо Холиқова дар суханронии худ таъкид намуд, ки китоб раҳнамои беҳтарини зиндагӣ буда, дар ташаккули афкори солим ва худшиносии миллӣ нақши муассир мебозад.
Ҳамзамон, дар баромадҳои кормандони китобхона аз суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши китоб дар таҳкими маънавиёт ва худшиносии миллӣ иқтибос оварда шуд.
Иштирокчиён дар васфи китоб, Ватани маҳбуб, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдату ягонагӣ шеърҳо ва суханони пурмазмуни бузургони адабро қироат карданд. Таъкид гардид, ки китоб — неъмати бебаҳо, нерӯи бузурги рушди зеҳн, роҳбалади асру замон, шиносномаи миллат ва зиндаги нигоҳдорандаи таъриху фарҳанг мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як гурӯҳ хонандагони фаъоли китобхона барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар тарғиби фарҳанги китобу китобхонӣ, аз ҷониби Бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ Ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ баргузории чунин чорабиниҳоро ҳамчун яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва ташаккули фарҳанги китобхонӣ, махсусан дар миёни ҷавонон, арзёбӣ менамояд.





и ещё 15