
Дар асоси нақшаи кори мақомоти прокуратура баҳри омӯзиш ва шарҳи вазъи амалишавии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар дар ҷамоати деҳоти Айнӣ вохӯрии судманд бо иштироки прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода баргузор гардид.
Зимни мулоқот пешниҳодҳо ва дастуру ҳидоятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии шаҳрвандон аз ҳар гуна амалҳои ҷиноятӣ, инчунин роҳ надодан ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Прокурори ноҳия таъкид дошт, ки риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», инчунин санадҳои марбут ба истифодаи нерӯи барқ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баланд ва фарҳанги ҳуқуқии устуворро тақозо менамояд.
Дар идома Зебо Саидзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар иҷрои барномаҳои давлатӣ ҳамеша ҷидду талош меварзанд.
Сокинон низ дар ҷараёни вохӯрӣ саволу пешниҳодҳои худро ба миён гузошта, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории фаъол бо мақомоти давлатӣ барои иҷрои қонунҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ баён намуданд.


