
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ ва тарбиявию ҳуқуқӣ, дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолони деҳа баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Айнӣ Мукаррамзода Фарҳод, муовини сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Носиров Насим, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Хокирозода Абдушукур, корманди комиссариати ҳарбии ноҳия Ниёзов Баҳриддин, роҳбарону масъулини соҳаҳои гуногун, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷамоат иштирок намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо аслан ба қонунҳои амалкунанда ва сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, даъват ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, инчунин мубориза бо коррупсия, терроризм ва экстремизм мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба истифодаи самараноки барқ, риояи меъёрҳои шаҳрсозиву меъморӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ, рушди кишоварзӣ, истифодаи дурусти захираҳои обию заминӣ ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим муҳокима шуданд.
Муовини раиси ноҳия ва дигар масъулин зимни суханрониҳо таъкид намуданд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ободии деҳоту шаҳракҳо шароити мусоид фароҳам омадааст. Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, то бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар рушду пешрафти ҷамоат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон ба роҳбарияти ноҳия ва намояндагони мақомот масъалаҳо ва пешниҳодҳои худро манзур намуданд, ки барои ҳалли онҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.




