
3 сентябри соли 2025 дар асоси ҷадвали тасдиқшуда мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Айнӣ №22 Давлатзода Қиёмиддин бо интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти Фондарё, Анзоб ва шаҳраки Зарафшон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Айнӣ Мукаррамзода Фарҳод, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Зарафшон №40 Ҷумазода Муборак Раҷаб, раисони ҷамоатҳои деҳот, омӯзгорон, собиқадорон, занону ҷавонон ва сокинони маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Вакили мардумӣ зимни суханронӣ ба самтҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, аҳамияти татбиқи қонунҳо, истифодаи самараноки неруи барқ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон ишора кард.
Сокинон низ бо суолу пешниҳодҳои худ ба вакил муроҷиат намуданд. Давлатзода Қиёмиддин ба саволҳо посух дода, таъкид дошт, ки масъалаҳои ироашуда барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод хоҳанд шуд.
Таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳияи Айнӣ низ идома меёбанд, зеро он минбари муҳими робитаи мустақими вакил бо мардум мебошад.





и ещё 3
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
13