Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи роҳсозон дар ноҳияи Айнӣ

Касби роҳсозӣ аз ҷумлаи пешаҳои пуршараф ва заҳматталаб ба шумор меравад, зеро маҳз бо меҳнати содиқона ва шабонарӯзии роҳсозон роҳи муошират миёни минтақаҳо осон гардида, пулу нақбҳо ва шоҳроҳҳои стратегӣ бунёд мегарданд. Бо василаи заҳмати ин табақаи корсоз, на танҳо дили кӯҳҳо шикофт мешавад, балки қалбҳои инсонҳо низ ба ҳам мепайванданд ва дӯстиву ваҳдати миллӣ таҳким меёбад.
Вобаста ба ин дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи роҳсозон, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи сентябр таҷлил мегардад, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, кормандони соҳа ва намояндагони муассисаҳои роҳсозии фаъол дар ҳудуди ноҳия, аз ҷумла Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгард ва намояндагии ширкати саҳҳомии “Инновайтив Роуд Солюшнз” дар минтақаи Зарафшон иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, саҳми назарраси роҳсозонро дар рушду ободонии кишвар махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ таъкид кард. Қайд гардид, ки дар солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати роҳсозони кишвар садҳо километр роҳу пулҳо сохта ва таҷдид гардидаанд.
Инчунин таъкид шуд, ки сохтмони роҳҳои стратегӣ ба монанди “Душанбе – Чанок”, “Душанбе – Тошканд”, “Айнӣ – Панҷакент” ва дигар иншооти инфрасохторӣ, кишвари моро бо давлатҳои ҳамсоя мепайванданд ва барои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар ноҳияи Айнӣ низ як қатор роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла роҳҳои деҳаи Сангистон, Томин ва шаҳраки Сарвода мумфарш гардида, корҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои дохилӣ бо маром идома доранд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор роҳсозони фаъол бо Сипоснома ва мукофоти пулӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки роҳсозони шарафманди тоҷик минбаъд низ дар татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — табдил додани кишвар ба давлати воҳид ва транзитӣ, саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 19

Leave a Reply

Back to top button