Хабарҳои руз

Машварати кории Раиси ноҳияи Айнӣ

15-уми сентябри соли 2025 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ машварати кории навбатӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия, Равшан Раҳимзода бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои муҳими марбут ба ҷамъоварии саривақтии ҳосил, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ ва зимистонгузаронӣ, инчунин иҷрои нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия вобаста ба ҷараёни татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, таҳкими корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки бунёду навсозии 595 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз тақрибан 90% он ба анҷом расидааст.
Дар идома, Равшан Раҳимзода роҳбарони бахшҳои дахлдорро вазифадор кард, ки барои расидан ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд, корҳои боқимондаро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд.
Ҳамзамон, баҳри иҷрои босифати буҷет, масъулини Нозироти андоз ва Раёсати молия вазифадор шуданд, ки чораҳои мушаххас ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ амалӣ намоянд.
Раиси ноҳия оид ба истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ, бунёди гармхонаҳо, инчунин барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раисони ҷамоатҳо ва масъулини соҳаи кишоварзиву ҷангалдорӣ вазифадор гардиданд, ки барои рушди чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ, инчунин таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар самти иҷтимоӣ, махсусан соҳаи маориф, таваҷҷуҳ ба бунёди муассисаҳои томактабӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавону ҷалби онҳо ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таълим равона гардид.
Дар бахши тандурустӣ, масъулин муваззаф шуданд, ки муассисаҳои тиббиро бо мутахассисони дорои маълумоти касбӣ таъмин намуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро беҳтар намоянд.
Ҳамзамон, бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ва пардохти саривақтии музди меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳо вазифадор гардиданд, ки иқдомҳои зарурӣ андешанд.
Дар фарҷоми машварат Раиси ноҳия таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба иҷрои ҳатмии супоришҳои роҳбарияти давлат ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуда, изҳори умед кард, ки масъулин бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба иҷрои вазифаҳои худ муваффақона ноил мегарданд.
и ещё 6

Leave a Reply

Back to top button