Хабарҳои руз

Пешвозгирии тантанавии сарбозони аз хизмати ҳарбӣ баргашта дар ноҳияи Айнӣ идома дорад

Дар ноҳияи Айнӣ анъанаи тантанавӣ ва пуршарафи истиқболи сарбозоне, ки хизмати муқаддаси Модар — Ватанро бо сарбаландӣ ва ифтихор ба анҷом мерасонанд, бо шукуҳу шаҳомати хоса идома дорад.
Маросимҳо бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор мегарданд.
Масъулин зимни суханрониҳо изҳор медоранд, ки хизмат ба Ватан — ин ифодаи муҳаббат, садоқат ва масъулияти ҳар ҷавон дар назди давлату миллат аст. Бозгашти ҳар як сарбоз пас аз адои вазифаи ҳарбӣ рамзи мардонагӣ, далерӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Дар рафти маросим ба сарбозон туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардида, аз волидайн барои тарбияи фарзандони ватандӯст ва ҷавонмард изҳори сипос карда мешавад.
Барномаҳои фарҳангӣ бо сурудҳои ватандӯстона, рақсу хониш ва суханрониҳои пурмазмун оро ёфта, фазои идона ва эҳсоси ифтихор аз Ватанро фароҳам меоранд.
Бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва дастгирии шахсии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, ин анъана дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот идома дошта, ҳамчун намунаи зиндаи эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ ва тақвияти рӯҳи ватандӯстии ҷавонон хизмат мекунад.
Маросимҳои мазкур ҳамчунин ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардидаанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 3

Leave a Reply

Back to top button