
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷаноби Асферачӣ Абате, Хазем Ханбал ва Маманбек Раимов баргузор гардид.
Мулоқот дар доираи татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи он мусоидат ба ҳифзи муҳити зист, худбарқароркунии ҷангалзорон, беҳтарсозии ҳолати чарогоҳҳо, таъмини оби полезиву нӯшокӣ ва рушди туризм дар минтақа мебошад.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни вохӯрӣ изҳор дошт, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои муҳими экологӣ ва иҷтимоӣ дар ноҳияи Айнӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди устувори минтақа ва беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ бо рафти корҳои амалишавандаи лоиҳа шинос шуда, бо аъзоёни ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо мулоқот анҷом доданд. Ҳамчунин, онҳо аз манзараҳои табиии ҷамоати деҳоти Анзоб ва водии Яғноб, ки қисман дар ҳудуди Парки миллии Яғноб ҷойгир аст, боздид ба амал оварданд.
Ба гуфтаи намояндагони Бонк, дар доираи лоиҳа таъмини оби полезиву нӯшокӣ ва беҳтарсозии идоракунии чарогоҳҳо аз ҳадафҳои муҳими лоиҳа ба шумор меравад. Онҳо ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки дар парки миллии Яғноб як лоиҳаи иловагии ҳифзи бабри барфӣ ва дигар ҳайвоноти нодир роҳандозӣ гардад.
Раиси ноҳия иқдомҳои пешниҳодшударо муҳим арзёбӣ карда, омодагии мақомоти иҷроияи маҳаллиро барои ҳамкории ҳамаҷониба бо шарикони рушд иброз дошт. Барномаҳои мавриди амал бо мақсади барқарорсозии заминҳо, ҳифзи муҳити зист, рушди ҷангалзорон, беҳсозии ҳолати чарогоҳҳо ва муҳайё сохтани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ равона гардида, ба манфиати давлат ва Ҳукумат мебошанд, — афзуд Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода.
Ҷонибҳо аз раванди татбиқи лоиҳаҳо ва натиҷаҳои бадастомада изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар интиҳо меҳмонон барои пазироии самимӣ ва ҳамкории муассир изҳори сипос намуда, омодагии хешро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф изҳор доштанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 3