
Зери ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ноҳияи Айнӣ имрӯз рӯ ба тараққию пешрафт ниҳода, симои зебо ва мутамаддини худро боз ҳам бештар зоҳир месозад.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободонию созандагӣ бо шукӯҳ идома доранд. Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то имрӯз як қатор иншооти муҳими иҷтимоиву маишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва бо саҳми фаъолонаи сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Гузари Боди Ҷамоати деҳоти Рарз се адад истгоҳ барои мусофирон ва як адад сартарошхона сохта ба истифода дода шуданд.
Тавре аз Ҷамоати деҳоти Рарз иттилоъ доданд, ин иқдом дар доираи Стратегияи давлатии рушди деҳот барои то соли 2030 амалӣ гардида, ба беҳтар гардидани шароити зист ва сатҳи хизматрасонии иҷтимоии сокинон мусоидат менамояд. Қаблан мусофирон барои интизорӣ дар зери офтоб ё борон ҷои мувофиқ надоштанд ва ҷавонон барои гирифтани хидмати сартарошӣ ба маркази ноҳия ё деҳаҳои ҳамсоя мерафтанд. Бо ба истифода додани иншооти нав, сокинон ва меҳмонон соҳиби шароити хуби интизорӣ ва хизматрасонии наздик шуданд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ифтитоҳи иншоот, чунин иқдомҳои мардумиро намунаи ибрат ва ифодаи ватандӯстиву ҳисси баландии масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, ба сокинони фаъол ва бинокорони деҳа барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободонӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди ноҳия сохтмони 595 адад иншооти гуногун — аз ҷумла мактабҳо, марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишӣ, роҳҳо, пулҳо ва биноҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ — ба нақша гирифта шудааст.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ
ноҳияи Айнӣ, моҳи октябри соли 2025





и ещё 4










