Имрӯз, 26-уми сентябр тибқи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, ҷаласаи навбатии сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки аъзоёни Шӯрои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон баргузор гардид. Дар ҷаласа мавзӯи муҳими рӯз- “Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа –Шуҳрат Азиззода, Саидзода Раҳим Ҳамро –вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Исматулло Шодиён, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин –раиси комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, Давлатзода Рамазон –намояндаи маркази тадқиқлти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷибой Султонӣ –мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаидастгоҳи раиси вилояти Суғд, Қодиров Некрӯз –намояндаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷӯрахонзода Рауф –намояндаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа намояндагони болозикр дар мавзӯи “Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чунин изҳори ақида намуданд:
Гуфта шуд, ки замони ҳозираро бе истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ (IТ-техноллогияҳо) дар ҳамаи бахшҳои кору рӯзгор тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бе онҳо мо худро чун бе дасту по эҳсос менамоем. Бидуни телефони мобилӣ як қадам пеш рафта намешавад, агар маблағи истифодаи телефонҳоро супоридан хоҳед бояд аз хидмати терминалҳо истифода баред. Дар соҳаи маориф бе компютер ба натиҷаи хубе ноил шудан ғайриимкон аст. Агар соҳаи алоқаю иртибот, санъату ҳунар ва воситаҳои ахбори оммаро гирем — ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳатто дар иҷрои корҳои таҷдид ва нигаҳдории мероси таърихию фарҳангӣ низ имрӯз аз технологяҳои навтарин истифода бояд кард. Аслан имрӯз мо технологияҳои нав мегӯем ва пеш аз ҳама рушду тараққиётро дар назар дорем, рушду тараққиёт мегӯем ва зимни он ҳатман технологияҳои муосирро мадди назар хоҳем дошт. Чуноне маълум аст, ба ин масъала давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Беваҷҳ нест, ки ҳанӯз соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ таҳти рақами 1174 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонида буданд. Ин санади муҳим зарурияти истифодаи васеи IТ-технологияҳоро дар соҳаҳои иттилоот, алоқа, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ, андозситонӣ, моликияти зеҳнӣ, муносибатҳои байналмиладлӣ ва ғайра пешбинӣ намудааст.
Маҳз ҷиҳати табиқи ин стратегия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ таҳти рақами 643 аз 30 декабри соли 2011 Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки дар он ба роҳ мондани истифодаи васеи интернет дар тамоми самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар самти хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар назар дошта шудааст.
Аммо пайдоиши ҳама гуна технологияҳои нав, чун қоида, ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро дорад. Ба монанди технологияҳои атомию кимиёвӣ, ки яке масъалаи энергетика ва дигаре истеҳсолотро тақвият мебахшанд, вале аз ҷониби дигар, сайёраро ба буҳрони ҷиддии экологӣ оварда мерасонанд. Технологияҳои иттилоотӣ низ аз ин хатарҳо эмин набуда, барои ҷомеа пайомадҳои мухталиф ба вуҷуд меоранд.
Солҳои охир дар интернет шумораи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки дорои имкониятҳои хеле зиёд мебошанд.
Боиси таассуф аст, ки баъзан ба ҷойи истифода аз имкониятҳои муассири он шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсаду ҳадафҳои ғаразнок мавриди истифода қарор мегиранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар маркази диққати гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро (экстремистию террористӣ) қарор доранд. Хатари шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ин гурӯҳҳо асосан дар инкори арзишҳои умумибашарӣ ва таблиғи амалҳои ношоиста, аз ҷумла нашъамандӣ, майзадагӣ, қонуншиканӣ, коррупсия, таблиғи зӯроварӣ, бадахлоқӣ ва намудҳои дигари ҷиноят зоҳир мегардад.
Экстремизм бо ҳама шаклҳои мураккаби зоҳиршавиаш падидаи нав нест. Ба ин падида ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният бархурд дошт. Хатару таҳдиди экстремизм ва оқибатҳои манфии он Юнону Руми қадим, ҳамзамон ҷомеаҳои асримиёнагӣ ва замони муосирро думболагирӣ менамуданд, вале дар замони муосир шеваи амали онҳоро имкониятҳои воситаҳои иттилоотӣ куллан тағйир додаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама чиз осонтар аст, шунавандаҳо ва хонандаҳо зиёданд, барои навиштани эзоҳи кӯтоҳ ва муҳокимаву мулоҳиза шароити кофӣ мавҷуд мебошад.
Маҳз аз ҳамин лиҳоз, фазои интернет барои доираҳои идеологию ақидатӣ, хусусан ташкилоти экстремистӣ ҷолиб мебошад. Дар дилхоҳ ҷой ва қаламрав бароҳат ва бо хатари камтарин барои худ ба мағзшӯии ҷавонон даст мезананд. Интернет ва хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ барои онҳо ҳамчун «минбар»-и асосии паҳнкунандаи андеша ва назарҳои ифротӣ истифода бурда мешаванд. Воситаҳои ахбори оммаи расмӣ (рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизион) барои онҳо пӯшидаанд, аз ин рӯ имрӯз интернет ягона минбари дастрас мебошад.
Албатта, ба ғайр аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои экстремистӣ инчунин кӯшиш менамоянд, ки сомонаҳои худро дошта бошанд, аммо дастрасӣ ба онҳо баста шудааст, хадамоти махсус кӯшиш мекунанд, ки ин захираҳоро банданд ва аудиторияи онҳо нисбатан кам гардад. Сарфи назар аз ин, бо сабаби рушди интернет, ин захираҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Ин гурӯҳҳо пайваста суроғаҳои худро иваз менамоянд, то аз бастани сомонаҳояшон аз ҷониби мақомоти амниятӣ эмин монанд. Ба ғайр аз он ки дар шабакаҳои интернетӣ шумораи зиёди сайтҳое мавҷуданд, ки мустақиман ба терроризм алоқаманд нестанд, аммо террористонро дар шаклҳои гуногун дастгирӣ мекунанд.
Усулҳои таъсири иттилоотӣ, ки ҷалбкунандагон ва паҳнкунандагони ғояҳои ғайриқонунӣ истифода мекунанд, нав нестанд. Инҳо воситаҳои кӯҳна ва маъруфанд, аз қабили таҳрири хабарҳои ғаразнок ва истифодаи риторикии пуртаъсир ва ғайра.
Ин усулҳо дар ҳаёти муқаррарӣ низ хеле хуб кор мекунанд: дарк намоед, ки чӣ гуна издиҳоми мардум дар гирдиҳамоиҳо ё мухлисон дар варзишгоҳ барои як андешаи пучи шунидааш ба осони ба «шӯр» омада, девонавор ба ҳар куҷо сар зада ва ба чӣ амалҳо даст мезанад. Шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ҳамон як издиҳоми кӯча монандӣ доранд, ки танҳо миқёсашон васеътар аст. Аксарияти корбарон вақте сарлавҳаи ҷолиберо мебинанд, бо пахши тугмаи «маҳқул», «шарҳ» ё «мубодила» метавон гуфт, ки раванди паҳншавии овозаҳоро такон мебахшанд ва овозаҳо зуд ва бо суръати кайҳонӣ паҳн мешаванд.
Усули ягонаи мубориза бо чунин мавҷи паҳншаванда — ин санҷидани маълумот мебошад. Албатта, мақомоти судӣ метавонанд ин ё он матнро ҳамчун маводи экстремистӣ эътироф кунад, аммо дарки нишонаҳои экстремизм дар матн барои истифодабарандагон низ чандон душвор нест. Пас, агар матн дорои хусусияти зӯроварӣ, даъват ба тағйири системаи сиёсӣ (яъне даъват ба инқилоб, шӯриш, итоат накардан ба ҳукумати қонунӣ), муроҷиатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ё асосноккунии терроризм, аз ҷумла барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё мазҳабӣ (даъват ба куштор, латукӯб), бартарӣ ё паст будани шахс дар асоси мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ бошад ва ё агар ҳадди аққал яке аз нишонаҳои номбаршуда дар матн дида шавад, бояд аз он эҳтиёт намуд ва худро канор гирифт!
Ҳамин тавр, дар шароити муосир истеҳсол, интиқол ва истифодаи иттилоот ба ҷузъи муҳими муносибатҳои иҷтимоӣ ва амнияти иттилоотӣ мубаддал шуда, зарурати андешидани тадбирҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои онро боз ҳам дучанд менамояд. Амнияти иттилоотӣ яке аз ҷузъҳои асосии амнияти миллӣ маҳсуб меёбад.
Беҳуда нест, ки дар Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз бобҳои асосӣ «Амнияти иттилоотӣ» ном дорад ва дар он дар қатори бисёр бандҳо чунин банди махсус ҳаст: «Эътинои фаврӣ ба ҳодисаҳои вайрон кардани амнияти иттилоотӣ бо роҳи мубодилаи иттилоот».
Яъне дар чунин мавридҳо нисбат ба чунин ҳолатҳо на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як шаҳрованди мамлакат бояд бепарво ва беэътино набошад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, Иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба ҳисоб мераванд. Асосҳои фаъолияти ҳуқуқии Шӯрои ҷамъиятиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст ва Низомномаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии тоҷикистон ташкил медиҳад. Асосҳои ҳуқуқии ин падидаи нав ва нодири ҷомеа, ки инсоният барои ноил гаштан ба он талош дорад, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида, ташаккули он кафолат дода шудааст.
Аз ин лиҳоз, ҳар як аъзои Шӯрои ҷамъиятиро лозим аст, ки дар доираи салоҳиятҳои худ фаъолтар амал карда, ҷиҳати ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҳар чӣ пурраву васеътар фаҳмонида додани моҳияти сулҳу ваҳдати миллӣ, вазъияти имрӯзаи иқтисодиву сиёсии мамлакат ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда кӯшиш ба харҷ диҳад.
и ещё 9
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
14