Бо ташаббуси Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 27-уми сентябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ нишасти дувоздаҳуми маҳфили “Ҳумоюн” бо иштироки васеи навқаламону ҳаводорони шеъри ноб баргузор гардид.
Дар маҳфили “Ҳумоюн” Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндагони соҳаи фарҳангу маориф ва меҳмонон аз шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ширкат намуданд.
Маҳфили “Ҳумоюн” моҳе як маротиба ба хотири баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, фаъолигардонии доираи забондонӣ ва зинда нигоҳ доштани шеъри тоҷикӣ – форсӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа баргузор мегардад.
Нахуст, Муқим Муродзода дар ифтитоҳи маҳфил суханронӣ намуда, гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо шоирону зиёиён қайд намуда буданд, ки тарғиби бузургтарин дастоварди халқамон истиқлолияту озодӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли адаб маҳсуб ёфта, онҳо бояд дар таҳқиқоту асарҳо ва шеърҳои худ аҳмият ва муҳтавои ин мавҳумҳои муқаддасро бозҳам васеътар инъикос созанд, ба хотири таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон, инчунин забон, фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ минбаъд низ кушиш намоянд.
Муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро зиёиён, фаъолон, соҳибқаламони ноҳия сармашқи кори худ намуда, бо василаи назму насри ватандӯстона дар замири насли наврас ҳуввияти ватандориву созандагиро ҷой намуда истодаанд. Маврид ба зикри хос аст, ки 55 нафар соҳибқаламони ҷавони ноҳия аз он ҷумла Парвиз Қаюмӣ, Гулзода, Комили Зарафшонӣ, Абдусамад Самадов, Нурова Шукрона, ҳамзамон аъзоёни фаъоли гурӯҳи тарғиботии МИҲД-и ноҳия, шоирони ширинкалом Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ – Бобоҷони Нурзод, Абдурашид Аловуддинов, Хайрулло Юсуфӣ, Маъруф Ҳисом, Фарҳоди Исозод ва ҳайати эҷодии рӯзномаи ноҳиявии “Файзи Зарафшон” бо устодони шеър ҳамкории судманд намуда, эҷодиёти худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷалаҳои даврӣ манзури хонандагон намуда истодаанд.
Бовар дорем, ки маҳфили “Ҳумоюн” мисли маҳфилҳои пешин муваффақу дӯстдоштани хоҳад шуд ва дар атрофи худ сафи навқаламонро афзун менамояд.
Дар охир ба Шумо устодони азиз муроҷиат намуда, хотирнишон месозам, обрӯ, пешрафт ва рушду нумӯи хирад дар байни ҷавонон аз хизмати софдилонаи ҳар яки Шумо вобастагии зиёд дорад. Итминонамон комил аст, ки соҳибқаламон рисолати хешро аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда мегузоранд.
Сипас, шоирони халқии Тоҷикистон устод Озарахш ва устод Фарзона аз эҷодиёти устодони бузурги назми классикӣ Рӯдакию Мавлоною Туғрал ва то шоирони муосир шеъру байтҳо гуфта, маҳфили “Ҳумоюн”-ро бо ашъори пурҷилои адабиёти тоҷик пурнур гардониданд.
Ҳамзамон, дар бахши минбари суханварони маҳфил устодон, шоирон, донишварон, эҷодкорони ҷавони ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе шеъру ғазал ва дубайтиву зарифаҳо гуфта, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия аз ашъори устодон суруду таронаҳо сароиданд.
Устодон, ба иштирокчиёни маҳфил китобҳо аз ашъори худ ва шоирони назми муосири тоҷик ҳадя намуданд. Маҳфил хушу хотирмон гузашт. Дар охир, аз ҷониби устодон пешниҳод шуд, ки дар ноҳия маҳфили “Маснавихонӣ” баргузор карда шавад, ки аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ ва дигар иштирокчиён хуб пазируфта шуд.
и ещё 12
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
5