1-уми октябри соли 2024 гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии ноҳияи Айнӣ, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди деҳот, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар – Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавонони адои хизмати Модар-Ватанро ихтиёрнамуда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки имрӯз вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 2024 таҳти №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006” мо ҷавонони шуҷои ноҳияро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гусел менамоем ва ин албатта аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ башорат медиҳад.
Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад.
Дар идома як нафар даъватшаванда аз деҳаи Ремони Ҷамоати деҳоти Анзоб Озар Бобораҷабзода баромад карда, гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Мо -ҷавонон ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омодаем. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро мо аллакай амиқу дақиқ омӯхтаем. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.
Ҳамчунин падари даъватшаванда аз деҳаи Вешаби Ҷамоати деҳоти Шамтуч Амонов баромад карда чунин гуфт: Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Зеро, ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад.
Ҳамчунин, чун анъана маросими нонгазонӣ сурат гирифта, дар охир барномаи фарҳангии хубу хотирмон пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
и ещё 17
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться