Хизмат ба Ватан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ, тинҷиву осодагӣ дар фазояш пойдор аст, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Моро месозад, ки меҳани хешро ҳифзу обод намоем. Воқеан хизмат ба ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дуст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Яке аз масъалаҳои меҳвариро дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаро мегирад. Тавре Пешвои муаззами миллат махсус иброз намуданд, ки: “Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.
Дар воқеъ, солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.
Афсӯс, ҳастанд нафароне, ки амалҳои онҳоро шоиста пиндошта, кушта шудан дар “ин ҷанги муқаддас”-ро барои худ шаҳид шудан меҳисобанд. Пас, суоле ба миён меояд. Магар куштани шахсони бегуноҳ, беобрӯ кардани занону модарон, одамшурӯши савоб аст? Ин паноҳи ислом ва ё дифои он нест, ин амалҳо таҷовуз ва исломфурушист. Ҷомеае, ки афкори солим доранд, зидди амалу кирдорҳои террористианд. Ақидаҳои хурофатпарастонаву амалҳои ғайриинсонии онҳоро маҳкум месозанд.
Дар ҳақиқат, имрӯзҳо терроризм таҳдид ба амнияти давлатҳои ҷаҳонро дорад. Аз ин кишвари мо низ бурун аз қатор монда наметавонад. Маҳз ҳамин лиҳоз аст, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳо, вохӯриҳо, ироаи Паёмҳо махсусан, қайд менамоянд, ки ҷавонон ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Ба фитнаю фиреби бадхоҳон фирефта нагарданд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нашаванд. Дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар чунин ёд карда буд: “Терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитари ниинсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст”.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад дар ҷаҳон 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунад. Ғояи асосии ин иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун намудани сохти конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ онҳо дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионии давлатҳо, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, кушторҳо, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус ва ғайраҳо даст мезананд. Террорист – дин, мазҳаб ва миллат надорад”
Боз ҳам мо бояд шукри ин даврони осудаи кишвар намоем, ки дар аз чунин наҳсоният ҳастем. Ватани обод, шукуфон дорем. Зиндагии осуда моро ҳамраҳ аст. Аз ҳавои сулҳ нафас мегирему аз чашмаи ваҳдат об менӯшем ва дар сояи дарахти Истиқлолият кору фаъолият ва ҳамчунин истироҳат дорем. Бояд, сиёсати хирадмандонаи Садри муаззами миллатро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намуда, кӯшем, то ватани худро дур аз газанд ва сари худро дур аз бало нигоҳ дорем. Агар осудагӣ ҳаст, ободиву сарсабзӣ худ меояд.