Хабарҳои руз

Вохӯрии судманд

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода бо сокинон ва кормандони корхонаҳои саноатии мавзеи Дуобаи Ҷамоати деҳоти Анзоб мулоқот намуд. Зимни баромади худ Муқим Муродзода дар мавзӯи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, маърифати экологӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз сӯҳбат намуд. Зикр гардид, ки маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аст. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ин масъаларо арзёбӣ карданд. Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Аз ҷумла, бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ сатҳи коррупсия низ имконияти коҳишёбӣ дорад.
Муқим Муродзода ҳамчунин дар мавриди маърифати экологӣ чунин гуфт: – маърифати экологӣ – раванди таълим мебошад, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар кардан, дар рӯҳи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад.
Инчунин, зикр гардид, ки мардум бояд қонунҳо ва талаботи онҳоро каме ҳам бошад, барои зиндагии рӯзмарра заруриашро донанд. Масалан, танзими анъана ва ҷашнҳо, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, андози замину амвол, андози нақлиёт ва ғайраҳо.
Back to top button