Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Ба ифтихори Рўзи ҷавонони Тоҷикистон аз 17-то 23 майи соли равон дар ноҳияи Айнӣ баргузории чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, иштироки кормандон дар чорабиниҳои варзишии Дави миллӣ, велосипедронӣ, “Футболи хурд” миёни кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баргузории Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия ва дигар сӯҳбату мулоқотҳо бо кормандони ҷавони ноҳия, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил гардонидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зимни баромади худ дар таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар эътимоди комил дошта, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор доданд.

Боиси хушнудист, ки имрўзҳо дар саросари кишвари биҳиштосоямон чорабиниҳои гуногун ба шарафи фасли гулафшони ҷавонӣ ва насли фархундаиқболи миллат пайгирона баргузор гардида, тантанаҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон идома доранд.

Имрўз ҷавонони саодатманди кишвар, ки ояндаи давлату миллат ва нерӯи созанда ба ҳисоб мераванд, бо ташаббусҳои наҷибу бунёдкорона ва қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонӣ дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Ҷавонони ноҳияи Айнӣ иштирокчии фаъоли маъракаҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ буда, дар корҳои ободонию бунёдкорӣ низ саҳм мегиранд ва муборизи зидди падидаҳои номатлуби аср мебошанд.

Ҳамчунин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдуваҳҳоб Шарифзода дар маъракаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баромад намуда, ҷавононро муборакбод намуд. Мавсуф зимни баромади хеш қайд кард, ки маҳз ҷавонон бояд дар навбати аввал бо дарки масъулияти баланди хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ барои ба вуҷуд овардани арзишҳои олии фикрӣ, ҳосили пурсамари илмиву эҷодӣ ва ҳамқадам гардидан ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонии илму маърифат кӯшиш ба харҷ диҳанд. Итминони комил дорам, ки бо истифода аз ин имконот ҷавонони Тоҷикистон бо умеди дарёфти шоҳроҳи шоистаи зиндагӣ барои хеш ва фардои нек қадамҳои устувор мегузоранд.

Зимнан, Муқим Муродзода дар ҷамъбасти ҳафтаи ҷавонӣ бо хушнудӣ аз иштироки фаъолонаи ҳайати ҷавонон ва муваффақиятҳои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва кормандоне, ки бо фармоиши Раиси ноҳияи Айнӣ бо Сипосномаю Ифтихорномаҳо барои фаъолияти пурсамарашон комёб гардиданд табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу ҳаёти осоишта ва ҷавонии ҷовидона таманно намуд.

Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи хубу хотирмони консертӣ намоиш дода шуд.

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Back to top button