Хабарҳои руз

Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ

Субҳи имрӯз 15-уми июли соли 2024 таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сокинони ноҳия барои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ба деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дар сафарбар шуданд.
Мардуми сафарбаргардида дар деҳаи Искодар биною иншооти зарардидагон аз сел тоза намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки санаи 13-уми июли соли ҷорӣ дар натиҷаи боришоту фаромадани сел дар деҳа хонаҳои аҳолӣ ва якчанд иншооти давлатӣ зарари ҷиддӣ диданд. Бахусус, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 сахт зарар дида, ошёнаи якуми бино – 16 ҳуҷра пурра хароб гардид. Сокинони ноҳия таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Муқим Муродзода қувваи асосиро ба муассиса равона карда, синфхонаҳоро аз лой тоза намуда истодаанд. Муассиса дар соли 2001 бунёд гардида, он барои 320 адад хонанда хизмат мекунад.
Ҳамчунин, қисми дигари мардум барои кӯмак ба хонаҳои аз офат зарардидаи сокинони деҳа сафарбар карда шуданд.
Back to top button