Хабарҳои руз

Идомаи корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ “ТВЕА – Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ноҳияи Айнӣ

Бахшида ба 35-солагии ҷашни умумимиллии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикистон дар ноҳияи Айнӣ истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табиӣ ва бунёди иншооти бузурги саноатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст, ки дар рушди иқтисодиёт ва саноатикунонии мамлакат хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Боиси шукргузорист, ки кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Ватани азизамон – Тоҷикистон дари ганҷинаҳои нуҳуфтаро ба рӯи сокинонаш боз мекунад.
Таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳия корҳои назаррас идома доранд.
13-уми июли соли 2024 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз раванди корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи “Боғи мурод”, воқеъ дар кӯҳи Кумарғи ноҳия дидан кард.
Хотиррасон менамоем, ки ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ дар ноҳияи Айнӣ аз 29 сентябри соли 2017 инҷониб барои истихроҷи металли №1 дар “Кумарғи Боло” фаъолият карда истодааст. Корхонаи мазкур иқтидори истеҳсоли 1 тонна тиллоро дар як сол доро мебошад.
Айни замон дар баландии зиёда аз 3500 метр аз сатҳи баҳр аз ҷониби корхона боз як фабрикаи бойгардонӣ сохта шуда истодааст. Фабрикаи нав иқтидори дар як шабонарӯз истихроҷи 4 тонна маъданро доро хоҳад буд. Ҳамчунин бо ба кор шурӯъ намудани фабрикаи бойгардонӣ ҷойҳои кории зиёде ташкил мегарданд. Бояд гуфт, ки имрӯз корхонаи мазкур сафи коргаронашро аз сокинони ноҳия ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ пур карда, маоши миёна 5 – 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Муқим Муродзода зимни мулоқот бо намояндагони ин ширкат қайд намуд, ки фаъолияти босамар дар ин самт, метавонад ба раванди татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат таъсири мусбат расонад. Муқим Муродзода аз сохтмончиён даъват ба амал овард, ки иншоотро бо сифати хуб сохта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастовез ба мардуми ҷумҳурӣ ҳадя кунанд.
Инчунин, Раиси ноҳия ба масъулони ширкат пешниҳод намуд, ки баробари ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, ширкат ҳамзамон дар вусъати корҳои ободонии ноҳия низ саҳмгузор бошад.
Зимни сӯҳбат Раиси ноҳия иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намуда, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи сокинонро таъмин намояд.
Back to top button