Хабарҳои руз

Ғамхорӣ ба кӯдакони ятим

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ кӯдакони ятими кулл ва бепарастор ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда истодаанд.
Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар якҷоягӣ бо намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологии вилояти Суғд муҳтарам Раҳмонзода Султон Раҳмон нахуст бо ятимони кулли ноҳия сари як пиёла чой сӯҳбат карда, онҳоро бо фарорасии Рӯзи ҷашни миллӣ табрику муборакбод намуданд. Раиси ноҳия дастгирии ятимону эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки ҳамеша дар ҳаққи чунин нафарон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Бо дастгирии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба кӯдакони кулли дар ноҳиябуда дар қаҳахонаи “Зардолу”, воқеъ дар деҳаи Кумарғ дастархони идона ороста шуда, инчунин тӯҳфаҳои хотирмон ва кӯмаки пулӣ тақдим гардид.
Кӯдакони ятиму бепарастор изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои пайваста ва муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия баён намуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button