Хабарҳои руз

Ифтитоҳи боз як боғчаи бачагона дар ноҳияи Айнӣ

Бахшиди ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ субҳи имрӯз 27-уми июни соли 2024 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар якҷоягӣ бо намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологии вилояти Суғд муҳтарам Раҳмонзода Султон Раҳмон дар деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ Муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти томактабии №6-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бояд гуфт, ки бинои муассиса мактаби кӯҳнаи №19-и деҳа буда, онро бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии хатмкунандагони мактаби номбурда таъмир ва барои истифода ба кӯдакон, фарзандони миллат тӯҳфа карда шуд. Муассиса барои 60 нафар кӯдак буда, он ба талаботи боғчаҳои бачагона мутобиқ ва бо ҳама шароитҳои муосир таъмир карда шудааст. Муассиса аз ҳашт сифхона, ошхона, ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Раиси ноҳия зимни баромади худ суҳбат бо фаъолон гуфт, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Хушбахтона дар ноҳияи Айнӣ сол ба сол шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур меафзояд ва ба фаъолият шуруъ намудани чунин муассисаҳо дар замони имрӯз дар ҳар деҳа хеле зарур аст. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ бахшида ба ин ҷашни фархунда зикр намуда буданд, “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.”
Маҳз ба ҳамин хотир, барои сокинон ва хусусан, насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу суботи комил ба воя мерасад, донистану дарк кардани қадру қиммати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад.
Аз ҷониби Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба боғча як адад оинаи нилгун ва ба иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ Диплому тӯҳфаҳо супорида шуд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button