Хабарҳои руз

Рафти таъмир дар мактаб

Раиси ноҳияи Айнӣ аз рафти таъмир дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-и деҳаи Пасрӯд дидан кард.
Маълум гардид, ки дар муассиса корҳои таъмирӣ бомаром идома дорад. Ба Раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки синфхонаҳои муассиса аллакай рангу бор карда шуда, танҳо долонҳо ва атрофи муассиса мондааст.
Раиси ноҳия ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки то 25-уми август мактбаро барои соли нави хониш омода намоянд.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия аз кишти картошка дар назди муассисаи номбурда дидан карда, ба парвариши он баҳои баланд дод.
Back to top button