Хабарҳои руз

Нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Айнӣ

Имрӯз 23-юми июл дар ноҳияи Айнӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Айнӣ дар шаш моҳи соли 2024 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш дод.
Тавре зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолияташро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ мондааст.
Сипас, рӯзноманигорон суолҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавоб пайдо карданд.
Back to top button