Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ тарабхонаи «Шоми Рарз» ба истифода дода шуд

24-уми июли соли 2024 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар деҳаи Рарзи Ҷамоати деҳоти Рарз тарабхонаи “Шоми Рарз”-ро, ки дар доираи истиқболи сазовор аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Истамов Темур Абдураҳмонович бо маблағи 3 миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дод.

Тарабхона аз як ошёна иборат буда, дар як вақт метавонад ба 100 нафар мизоҷон хизмат расонад. Масоҳати умумии иншооти сохташуда 10 сотих заминро дар бар мегирад. Ба Раиси ноҳия маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи «Шоми Рарз» соли 2023 оғоз гардида буд ва бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом пазируфт.

Тарабхонаи тозабунёд дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия саҳми назаррас дорад. Зеро бо ба фаъолият шуруъ намудани он беш аз 5 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Толорҳои кушоду барҳавои тарабхонаи замонавии «Шоми Рарз» барои баргузории маъракаҳои сокинони деҳа ва деҳаҳои атрофи он мувофиқ аст.

Акнун сокинон метавонанд бо истифода аз чунин шароити бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз тарафи соҳибкорони бо нангу номуси ноҳияи Айнӣ барояшон фароҳамгардида самаранок истифода баранд ва маъракаҳои хешро дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намоянд.

Хабар дода шуд, ки ин нахустин тарабхонаи замонавӣ дар деҳаи рарз маҳсуб меёбад, ки дар доираи иқдомоти созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба онҳо бунёд ёфтааст.

Ҳангоми ворид гардидан ба дохили тарабхонаи «Шоми Рарз» дидан мумкин, ки он бо услуби хоса сохта шудааст.

Ҳангоми ошноӣ пайдо намудан аз шарту шароити тарабхона Раиси ноҳия Муқим Муродзода ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, соҳибкори ватандӯстро ба чунин корҳои ободонӣ ҳидоят намуданд.

Соҳибкор Истамов Темур Абдураҳмонович дар оянда нақша дорад бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 8 миллион сомонӣ дар деҳа Маҷмааи хизматрасонӣ сохта ба мардуми Ҷамоати деҳоти Рарз тақдим намояд.

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Back to top button