Хабарҳои руз

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.

Вобаста ба ин, бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳа барпо гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони созмонҳои ибтидоии ҳаракат, ходимони дин, созмонҳои ҷавонон, занон ва адибон ширкат намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа намояндагони Шӯрои вилоятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзоаъзам Мақсудов, Маҳбуба Абдураҳимзода ва Мэлс Нуров иштирок намуданд.

Дар ҷаласа:

  1. Ҳисоботи Шӯрои ноҳиявии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2024 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024, вазъи таъсисёбии ташкилотҳои ҳаракат дар сатҳи воҳидҳои сохторӣ, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо;
  2. Ҳисоботи Раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракат дар шаш моҳи соли 2024;
  3. Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, -Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз 9-уми марти соли 2024, ки дар мулоқоташон бо ходимони дин, аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолон дарҷ гардида буд;
  4. Рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар ноҳия;
  5. Масъалаҳои ҷорӣ;

мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласаи Шӯрои ноҳиявии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2024 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар зим, як қатор фаъолони Шӯрои ноҳиявии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштанашон дар рушду нумуи ҳаракат бо Сипоснома ва мукофотҳои Раиси ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир, Муқим Муродзода ба мутасаддиён дастуру супоришҳои мушаххас дода, намояндагонро бовар кунонид, ки дар оянда шахсони масъул корро дар ин самт боз ҳам хубтар ба роҳ мемонанд.

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Back to top button