Хабарҳои руз

Идома корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ

Боронҳои пуршиддату селҳои харобиовар дар манотиқи мухталифи кишвар аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ ҳаёти мардумро ба мушкил рӯ ба рӯ сохтанд.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми июли соли 2024 дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ дар умум ба 15 хоҷагии деҳа, бахше аз роҳҳои мошингардро баст, деворҳои ёрирасони хонаҳои мардум ва боғу зироати сокинонро хароб кард. Ҳамчунин, лой қисман ба таҳхонаҳои хонаҳои хусусӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ворид шуда, муҷиби харобиҳои зиёде шуду хисороти бисёре ба бор овард.

Бояд қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар канори осебдидагон буд ва бо расондани кумакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчи зудтар оғоз ёбад. Хушбахтона, имрӯз корҳои бартарафкунӣ ва сохтмонӣ хонаҳои нави истиқоматӣ ба оилаҳои зарардида дар Дашти Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дар оғоз гардида, сохтмончиён ният доранд дар давоми моҳи август онро ба итмом расонанд. Бунёди хонаҳои истиқоматиро сохтмончиёни ҶДММ “Зарафшон – Сохтмон” ба ӯҳда гирифтааст. Ҳамчунин барои зудтар бартараф намудани оқибати ин селхезиҳо ва барқарор намудани харобаҳо аҳолии маҳалҳо низ ҷалб шудаанд.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода гуфт, ки зарари расондаи офати табиӣ ба мардуми деҳаҳои Гузари Бод, Пасрӯд, Рарз ва Урметанро мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ барқарор гардонида, барои зисту зиндагонии сокинон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад ва хонаҳои истиқоматӣ бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт. Инчунин, гуфт, Раиси ноҳия дар Дашти Искодар дар баробари сохтмони 15 манзили истиқоматӣ дар мавзеи навбунёд, дигар имконоту инфрасохтор ба пуррагӣ бунёд хоҳанд гашт. Аз ҷумла, хати барқу об, роҳи нақлиётгарду пиёдараҳ, майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир сохта ба истифода дода мешаванд. Таъкид гардид, ки рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеи нав зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тамоми чораҳо андешида мешаванд, то ҳарчи зудтар оилаҳои боқимонда ба хонаҳои нави худ дароянд.

Раиси ноҳия ба масъулони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки  ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тамоми шароитро барои зиндагонии осебдидагон дар манзилҳои нав фароҳам созанд. Ҳамчунин, корҳои сохтмонии манзилҳои  оилаи деҳоти дигари ноҳияро, ки дар минтақаи хавфнок қарор доранд, тезонда, онҳоро низ ба мавзеи нав кӯчонанд.

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Back to top button