Хабарҳои руз

Маъраки қадрдонӣ барои хизматҳои арзанда

Бо шарофти сиёсати хирадмандонаву мардумпарварона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои фарзонаи фарзандони диёр, онҳое, ки тамоми умри пурбаракати худро ба хизмати халқу Ватани азиз бахшидаанд, қадрдонӣ ва баҳои сазовор дода мешавад.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни мубораку бузурги даврони Истиқлоли давлатӣ ва таърихи навини халқи тоҷик – 35-солагии иди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 21-уми июни соли 2024 таҳти № 299 кӯчаи навободи “Гулистон”-и маҳаллаи Искобод ба номи Маҳкамбой Ҷурақулов гузошта шуд.
Дар ин маъракаи сиёсӣ-фарҳангӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода иштирок ва суханронӣ кард. Аз ҷумла Муқим Муродзода гуфт, ки –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ қайд мекунанд: -“Халқе, ки аҷдоди худро қадр мекунад мекунад ва гузаштаашро ҳифз мекунад, ояндаи нек дорад”. Зиёда аз он ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки ба хизмати собиқадорони меҳнат арҷ гузошта шавад ва таҷрибаи бою маслиҳати онҳо, зиндагиномаи эшон барои наслҳои имрӯзу ояндаи миллат чун беҳтарин дастгириву ҳидояти фаъолияту зиндагӣ хизмат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки Маҳкабой Ҷурақулов дар давоми фаъолияти кориаш барои некуаҳволии мардуми ноҳияи Айнӣ ва ба зиндагии шоиста сазовор кардани онҳо хизматҳои арзанда анҷом дода, бо ин амалҳояш то имрӯз дар дилу дидаи сокинони ноҳия ҳамчун шахси чашмикордон, созандаю некӯкор боқӣ мондааст.
Хизматҳои арзандаи ӯро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба инобат гирифта, имрӯз барои арҷ гузоштан ба номи неки ӯ дар зодгоҳаш кӯчаеро ба номи ӯ гузоштанд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button