Хабарҳои руз

Семинари илмӣ-амалӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин дар робита ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ санаи 03 сентябри соли 2024 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – дастоварди миллӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар кори семинари мазкур Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, кормандони шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, ва кормандони касбу кори гуногун дар ноҳияи Айнӣ ширкат варзиданд.

Мутасаддиён оид ба масъалаҳои мухталифи ҳуқуқӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, Истиқлоли давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.

Муқим Муродзода зимни баромади худ иброз дошт, ки танҳо бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намоем ва имрӯз хушбахтона тоҷикон масири хешро дар арсаи байналмиллалӣ муайян намуда, ба сӯи фардои дурахшон сарбаландона пеш рафта истодаанд.

Инчунин, дар семинари мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромад намуда, андешаҳои хешро вобаста ба семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – дастоварди миллӣ” иброз доштанд. Қайд гардид, ки оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ яке аз муҳимтарин принсипҳои масъулияти ҳуқуқӣ, шарти асосии самаранокии он мебошад. Аҳамияти пешгирикунандаи ҷазо на бештар аз вазнинии он, балки ба ногузирии он вобаста аст. Ногузир будани масъулият маънои онро дорад, ки ягон ҳуқуқвайронкунӣ набояд ошкорнашуда, аз назари давлат ва ҷомеа бе вокуниши манфии онҳо дур намонад. Вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо тамоми қувваи қонунро истифода баранд, то ки одамон дар ҳар маҳал ғамхории давлатро дар бораи сулҳу осоиш ва поквиҷдонии худ ҳис намоянд ва мутмаин бошанд, ки ягон ҳуқуқвайронкунанда аз ҷавобгарӣ раҳо намешавад.

Аз ин лиҳоз тавсия дода шуд, ки мо бояд ҳамеша аз Истиқлоли давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ормонии миллати тоҷик мебошанд, шукрона карда, онро чун арзиши бебаҳо ҳифз намоем. Инчунин дар чорабинии мазкур оид ба риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбия кӯдак» ва таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Чорабинӣ дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронида шуда, умед аст натиҷаи он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хоҳад расонид.

Leave a Reply

Back to top button