Хабарҳои руз

Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боло меравад

Субҳи имрӯз дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории маркази ноҳияи Айнӣ вохӯрии намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолии ноҳия баргузор карда шуд.

Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба ҳамоиш ҳусни ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардуми Тоҷикистон саҳифаи нав боз менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд гардидани фарҳанги ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳангии аҳолӣ, шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии мардуми мамлакат соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки умедворем дар ин сол тамоми масъулин, ҳуқуқшиносон, воситаҳои ахбори омма барои сохтани ҷомеаи муттаҳиди маданӣ ва давлати ҳуқуқбунёди миллӣ кӯшишу талош намуда, дар ин масир қадамҳои устувор мегузоранд.

Сипас, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Киромиддин Дӯстов ва Толибҷон Иброҳимзода ҷиҳати пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар маҳал ва оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баромад намуданд.

Зикр гардид, ки  аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ»  таҳия гардида, имрӯзҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бомаром идома мегиранд. Ин омил албатта барои инкишофу такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири мусбат мерасонад, зеро ҳар чи қадаре, ки маърифати ҳуқуқӣ, яъне донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқ ва қонун, риояи бечунучарои қонунҳо дар мамлакат рушд намояд, мо ба ҳадафҳои конститутсиониамон мерасем.

Дар ҳақиқат, таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон омили асосии пойдории тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу субот ва оромию осоиши ҷомеа мебошад. Эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми муҳим ва арзишманд буда, метавонад дар такмил ва танзими қонунгузории мамлакат, баланд бардоштани донишу тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон, қонуният, баробарӣ ва адолат асоси воқеӣ гузорад.

Leave a Reply

Back to top button