Хабарҳои руз

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ

6-уми сентябри соли 2024 дар шаҳраки Зарафшон-1-и Ҷамоати шаҳраки зарафшони ноҳияи Айнӣ дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд.
Дар маъракаи ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва дигар фаъолону сокинони шаҳрак ширкат варзиданд.
Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази шаҳрак сохта шудааст, 50 метри мураббаъ буда, он ба ҳусни ин маҳал зебогии дигар зам мекунад.
Майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст. Ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, дар Майдони Парчами давлатӣ нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои замонавӣ насб гардида, фаввораҳо сохта шудааст. Дар майдони Парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.
Иншооти мазкур дар доираи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Айнӣ ва аз ҷониби соҳибкорони шаҳраки Зарафшон-1 сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ Раиси ноҳияи Айнӣ бунёди майдони Парчами давлатиро дар маркази Ҷамоати шаҳраки Зарафшон дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ кард.
и ещё 20
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:

12

Leave a Reply

Back to top button