Хабарҳои руз

Оғози маъракаи кабудизоркунӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки тибқи он дар марҳиллаи якум солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.
Вобаста ба ин дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ, амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххаси барнома ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди ноҳия, шинонидан ва парвариши дарахту буттаҳо дар ҳудуди ҳар як маҳаллаю ҷамоат, идораҳои маъмурӣ новобаста аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, заминҳои фонди давлатии ҷангал, шафати шоҳроҳҳо, роҳҳо, соҳили дарёҳо ва қад-қади ҷуйборҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маъракаи кабудизоркунӣ оғоз гардида, то фарорасии Иди байналмиллалии Наврӯз идома мегирад.
Суратгузориш аз раванди ниҳолшинонӣ дар Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ.
и ещё 3
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

31

Leave a Reply

Back to top button