Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳия боздид ба амал овард.
Таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди дар тавозуни МДНРА-и дар ноҳия қарордошта 268 километр мебошанд. Аз ин 103 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 52,2 километр роҳҳои аҳамияти байналмиллалидошта ва 112,8 километрро роҳҳои дохили ноҳиявӣ ташкил медиҳанд. Ҳамасола аз ҷониби буҷаи ҷумҳурӣ 420 ҳазор сомонӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мазкур маблағ ҷудо мегардад.
Раиси ноҳия вобаста ба рафти назорати иҷрои корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди муассиса дидан карда, бо ҳолати техникаҳо, захираи маводи зиддилағжишӣ ва фаъолияти кормандон аз наздик ошно шуд.
Дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ 9 адад техника ва таҷҳизоти роҳдорӣ мавҷуд аст, ки аз ин 7 адад техникаҳои роҳсозӣ, 1 адад нақлиёти автомобилӣ ва 1 адад техникаи таҷҳизотиро ташкил медиҳанд. Дар муассиса 66 нафар кору фаъолият доранд.
Рӯзибой Раҳимзода ҷиҳати боз ҳам дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳову техникаҳои Муассиса ба роҳбарият ва кормандони МДНРА дастуру супоришҳои махсус дод. Роҳҳои ноҳияи Айнӣ чун дигар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта бояд намунавӣ бошанд, гуфт Раиси ноҳия
Маълум гардид, ки ба МДНРА дар ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуумҳурии Тоҷикистон 2 ҳазор бех арчаҳои сӯзанбарг барои шинонидан дар шафати роҳҳои дар боло зикршуда ирсол гардидааст. Раиси ноҳия миннатдории МИҲД-и ноҳияро ба роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуумҳурии Тоҷикистон расонида, барои дар ҷойҳои лозимӣ ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонидани сӯзанбаргҳо ба масъулон тавсия дод.
и ещё 7
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
103