Ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе тибқи равзанаи ягона қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба вуқӯъ мепайвандад.
Дар қабули шаҳрвандон муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва зерсохторхои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ширкат меварзанд.
Дар рӯзи қабул шаҳрвандон асосан оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои таъмин бо ҷойи кор, замини наздиҳавлигӣ ва корам, ёрии моддӣ, шуғлнокӣ, хизматрасонии коммуналӣ, вазъи иҷтимоӣ ва дигар масоил рӯзгору маишати хеш муроҷиат менамоянд.
Муроҷиатҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ҷараён гирифта, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Вобаста ба ин имрӯз, 27 январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода доир гардид.
Дар ҷараёни қабули шаҳрвандон 6 нафар сокинони ноҳия бо 7 масъала ба Раиси ноҳия муроҷиат карданд.
Муҳтавои асосии муроҷиати шаҳрвандонро масъалаҳои рӯзмарра, аз қабили баҳси замин, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, оид ба кӯмаки моддӣ ва амсоли инҳо ташкил медоданд.
Аз ҷониби Раиси ноҳия ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки ба масъалаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф намудани муаммоҳои ҷойдоштаи сокинон эътибори ҷиддӣ диҳанд.
и ещё 7
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
113