Хабарҳои руз

Идомаи бунёдкориҳо дар ноҳияи Айнӣ

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ 595 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома мегиранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии чойхонаи миллӣ ва маҷмааи фарҳангӣ дар деҳаи Сангистон дидан намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Сангистон бо фармоиши Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд чойхонаи миллӣ ва маҷмааи фарҳангӣ сохта мешавад, ки бунёди онро ҶДММ “Тоҷик Элит Сохтмон” ба ӯҳда дорад. Айни замон дар иншоот 50 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Дар назди Маҷмаа инчунин сохтмони Муассисаи томактабӣ ва бунёди Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонии он дар рӯзҳои наздик оғоз мегарданд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо пудратчӣ ва фаъолони деҳа таъкид намуд, ки дар интихоби масолеҳи сохтмонӣ ва сифати сохтмони иншоот аҳамияти ҷиддӣ дода, дар муҳлати муайяншуда иншоотро ба анҷом расонанд.
Сокинони деҳа ҳамарӯза ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил карда, мехоҳанд дар ободонии деҳаи худ саҳми бориз гузоранд.
Рӯзибой Раҳимзода ҳашарчиёнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ изҳори сипос намуд.
и ещё 13
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

60

Leave a Reply

Back to top button