Хабарҳои руз

Идомаи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи иҷтимоии ҳукумати мамлакат талош варзида, зери ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
Рӯзибой Раҳимзода, -Раиси ноҳияи Айнӣ бо сокинони деҳаҳои Шаватки Боло, Шаватки Поён, Похут ва Рарзи Ҷамоати деҳоти Рарз мулоқот намуда, ҳамчунин, бо фаъолияти соҳаҳои иҷтимоии деҳоти болозикр аз наздик ошно шуд.
Нахуст, Раиси ноҳия дар деҳоти мазкур бо сокинон мулоқот намуда, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми январи соли 2025 дода буданд, расонид.
Рӯзибой Раҳимзода аз фаъолияти соҳаи кишоварзӣ дар деҳоти Рарз изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мардум барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кор дар ин самт тавсияву пешниҳоди муфид дод. Пешниҳод гардид, ки мо дар якҷоягӣ бояд ба зиёд кардани майдони кишт ва бунёду барқарорсозии боғҳо, истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, ғалладонагиҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро тақвият бахшем.
Инчунин, раиси ноҳия таъкид кард, ки талафоти нерӯи барқ то ҳанӯз дар сатҳи баланд ва ташвишовар боқӣ монда, аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаби соҳа мебошад. Вобаста ба ин, шахсони масъулро муваззаф намуд татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти нерӯи барқро таъмин намоянд. Зикр гардид, ки доир ба ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони нерӯи барқ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани маблағи нерӯи барқ чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дар идома, Раиси ноҳия оид ба мураккаб боқӣ мондани вазъи ҷаҳон ва минтақа ба фаъолони ҷамоат супориш дод, ки дар самти кор бо аҳолӣ бо нақшаҳои тасдиқгардида амал карда, баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фаҳмондадиҳӣ, ҳарбиву ватандӯстӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ вусъати тоза бахшанд.
Рӯзибой Раҳимзода аз фаъолони ҷамоат ва сокинон риояи ҳатмии талаботи қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”-ро талаб намуд.
Раиси ноҳия фаъолони ҷамоатро вазифадор намуд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлис зикргардида ва супоришу вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта бошанд.
Мо бояд гуфт, Рӯзибой Раҳимзода дар бари Пешвои муаззами миллат барои рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҷомеа якҷоягӣ камари ҳиммат бубандем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1 Конститутсия ҳамчун давлати иҷтимоӣ маҳсуб шуда, ҷиҳати таъмини сатҳи зиндагии арзандаи шаҳрвандон ва инкишофи озодонаи онҳо таваҷҷуҳи бештарро ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона месозад. Махсусан Президенти Тоҷикистон дар ҳар суханрониву баромадҳо ва мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ, инчунин дар ҳар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ доир ба зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор доштани масъалаҳои иҷтимоӣ ва пешбинӣ намудани кафолату имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ибрози назар ва таъкидҳо менамоянд.
Аз ҷумла, яке аз бахшҳои муҳиму афзалиятнокро низ дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъмини афзалиятноки масъалаҳои иҷтимоӣ ташкил менамояд.
Вобаста ба ин ва баҳри тақвият бахшидан ба фаъолияти самти иҷтимоиёт Рӯзибой Раҳимзода, -раиси ноҳияи Айнӣ аз муассисаҳои фарҳангиву тандурустӣ ва маорифи деҳаҳои дар боло зикргардида боздид кард.
Раиси ноҳия аз фаъолияти ин муассисаҳо, бахусус, муассисаҳои тандурустии Ҷамоати деҳоти Рарз изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар деҳаи Рарз фаъолияти Беморхона дар сатҳи намунавӣ дар миқёси ноҳия буда, шарту шароити он бо сифати аъло ба роҳ монда шудааст. Беморхона бо таҷҳизоти муосири соҳа қариб, ки сад фоиз таъмин буда, хизматрасонии ҳайати кормандону мутахассисон низ намунавист. Раиси ноҳия барои хизматрасонии хуби кормандон, тозаю озода нигоҳ доштани муассиса ва муҳайё намудани шароити хуб арзу сипоси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба онҳо расонид.
Дар муассисаҳои фарҳангию таълимии Ҷамоати деҳоти Рарз низ корҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби сокинони деҳаи Похут дархости бунёди як муассисаи томактабӣ ва як адад боғчаи бачагона пешниҳод гардид. Сокинони деҳа омодаанд дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дарназардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди муассисаҳои номбурда саҳми худро гузоранд. Раиси ноҳия талаби онҳоро шоистаи дастгирӣ қабул карда, барои дар амал татбиқ намудани он ба сокинон дастуру пешниҳоди муфид дод.
Ҳамчунин, аз ҷониби сокинон таъмиру таҷдиди муассисаҳои фарҳангӣ талаб карда шуд. Раиси ноҳия мардумро ба ҳамдастӣ даъват карда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давра ба давра таҷдиду таъмири онҳоро ба роҳ мемонад.
и ещё 23
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

63

Leave a Reply

Back to top button