Хабарҳои руз

ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Интихобот яке аз сутунҳои асосии давлатдории демократӣ мебошад. Он барои ҳалли мушкилоти ҷомеа, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди иқтисодӣ нақши калидӣ мебозад. Мардуми кишвари мо, ки ҳамеша бо фарҳанги сиёсии баланди худ машҳур аст, ҳамеша омодаанд, ки дар пешрафти Ватани худ саҳм гузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таъмини талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи интихобот пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз рафти омодагиҳои интихоботӣ аз участкаву ҳавзаҳои интихоботии Ҷамоати деҳоти Рарз боздид кард.
Маълум гардид, ки дар участка ва ҳавзаҳои ҷамоати мазкур шароити созгор фароҳам оварда шуда, корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот, дар участка ва ҳавзаҳо тибқи нақшаи корӣ шароитҳои мусоиди овоздиҳӣ фароҳам оварда шуда, шиору овезаҳои даъваткунанда, лавҳаҳои иттилоотӣ ва аёниятҳои дигар насб карда шудаанд. Ҳамчунин ҳама участкаву ҳавзаҳои мазкур бо маводҳои зарурии дастурию варақаҳои тарғиботӣ таъмин гардидааст.
Раиси ноҳия аз омодагиҳо дар ин участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода, таъкид ба амал овард, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи дар пеш истода саҳми муносиб гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки 2 марти соли ҷорӣ дар кишвари мо интихоботи вакилон баргузор мегардад. Ин рӯйдоди муҳим на танҳо имкони тағйир додани ҳаёти ҷомеа, балки роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва демократия дар кишвар мебошад.
и ещё 14
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

32

Leave a Reply

Back to top button