Хабарҳои руз

Пойгоҳҳои обкашӣ таъмир шуда истодаанд

24-уми январи соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар якҷоягӣ бо Сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи Зарафшон Ибодулло Мансурзода дар Дашти Варз ва Дашти Хушекат аз пойгоҳҳои обкашии “Варз-1”, “Варз-2”-и Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия боздид намуданд.
Тибқи иттилоъи масъулин соли ҷорӣ таъмиру таҷдиди иншооти обрасонии ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аллакай ба роҳ монда шуда, ҳамаи пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз соли гузашта 1 моҳ пештар ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Дар Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳия заминҳои кишоварзӣ асосан тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, бо ин мақсад ҳамасола аз ҷониби давлат маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад.
Раиси ноҳия зимни боздид таъкид кард, ки омили муҳими фаровонҳосилӣ ин таъмини саривақтӣ бо оби полезӣ ба ҳисоб рафта, масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияро зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Пойгоҳҳои обкашии “Варз-1” ва “Варз-2” аз нуқтаҳои асосии обкашии ҳудуди шаҳри маркази ноҳия маҳсуб ёфта, ҳар сол дар мавсими кишти зироат хоҷагиҳои деҳқониро бо оби полезӣ таъмин менамояд. Дар натиҷаи солҳои тӯлонӣ фаъолият намудан таҷҳизот ва бинои агрегатҳои пойгоҳҳои обкашӣ фарсуда гардиданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин пойгоҳҳои обкашӣ таъмир шуда, дар ҳолати хуби корӣ қарор дод.
Айни ҳол агрегатҳои пойгоҳҳои обкашии мазкур пурра фаъолият карда, метавонанд наздики 300 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Дашти Варз ва Дашти Хушекати Ҷамоати деҳоти Айниро бо оби полезӣ таъмин намоянд.
Раиси ноҳия ба масъулин супориш дод, ки то 1-уми апрели соли 2025 мавзеҳои дар боло зикршударо бо оби полезӣ таъмин намоянд.
и ещё 15
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

54

Leave a Reply

Back to top button