Хабарҳои руз

Идомаи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон

Дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини масъалаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намудан ба ин соҳаҳо ва давра ба давра тақвият бахшидани самаранокии хизматрасониҳо ва шарту талаботи ҳифзи фаъолият мавқеи намоён ва аввалиндараҷа касб менамояд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин сиёсати созанда Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаҳду талош намуда, баҳри рушду нумӯи он диққати махсус медиҳад.
Рӯзибой Раҳимзода, -раиси ноҳияи Айнӣ дар Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ ба хотири расонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми январи соли 2025 дода буданд, бо мардум мулоқоту вохӯриҳо гузаронид.
Дар вохӯриҳо Рӯзибой Раҳимзода оид ба барои пурзӯр намудани фаъолият дар самти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд кардани майдони кишт ва бунёду барқарорсозии боғҳо, истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, ғалладонагиҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба сокинону фаъолон барои тадбирҳои иловагӣ андешидан дастур дод.
Инчунин, раиси ноҳия таъкид кард, ки талафоти нерӯи барқ то ҳанӯз дар сатҳи баланд ва ташвишовар боқӣ монда, аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаби соҳа мебошад. Вобаста ба ин, шахсони масъулро муваззаф намуд татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти нерӯи барқро таъмин намоянд. Зикр гардид, ки доир ба ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони нерӯи барқ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани маблағи нерӯи барқ чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дар идома, Раиси ноҳия оид ба мураккаб боқӣ мондани вазъи ҷаҳон ва минтақа ба фаъолони ҷамоат супориш дод, ки дар самти кор бо аҳолӣ бо нақшаҳои тасдиқгардида амал карда, баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фаҳмондадиҳӣ, ҳарбиву ватандӯстӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ вусъати тоза бахшанд.
Рӯзибой Раҳимзода аз фаъолони ҷамоат ва сокинон риояи ҳатмии талаботи қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”-ро талаб намуд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия фаъолони ҷамоатро вазифадор намуд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлис зикргардида ва супоришу вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта бошанд.
Зимнан, Раиси ноҳия аз муассисаҳои иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Шамтуч боздид кард.
Албатта, дар муассисаҳо корҳо мувофиқи нақша ва бо истифода аз шароити мусоид хуб ба роҳ монда шудаанд. Муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ фаъолияти босамар дошта, ҳар яке дар самти худ корро ба таври бояду шояд ба роҳ мондаанд, вале камбудиҳо низ ҷой доранд, ки Раиси ноҳия аз он изҳори нигаронӣ намуд. Ба масъулон баҳри бартараф кардани камбудиву норасоиҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Муассисаҳо барои зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар мактабу беморхона ва марказҳои саломатӣ, инчунин дар хонаҳои фарҳангу китобхонаҳо системаи гармидиҳӣ фаъолияти хуб доранд. Фаъолияти печкаҳои аловӣ низ, дар синфхонаҳо хеле хуб ба роҳ монда шуда муассисаҳо бо ангишт ва дигар маводи сӯхт таъминанд.
Раиси ноҳия ҳангоми сӯҳбат бо мутасаддиёни соҳоти иҷтимоӣ низ дастуру супоришҳои дахлдори Пешвои муаззами миллатро ба онҳо расонида, бо омӯзгорону хонандагон, духтурону ҳайати хизматрасони соҳаи тандурустӣ ва мутасаддиёни соҳаи фарҳанг аз наздик гуфтугӯ кард. Маълум гардид, ки савияи дониши хонандагон хеле баланд буда, омӯзгорон дар ин самт саҳми бориз мегузоранд. Зеро, хонандагон аз мактабҳои ҷамоати мазкур дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, дар соли 2024 ҷойҳои сеюм ва ифтихориро касб намуданд. Раиси ноҳия дастур дод, ки соли ҷорӣ низ иштироки шумораи зиёди хонандагони ҷамоатро дар озмуну олимпиадаҳо умедвор аст. Рӯзибой Раҳимзода ҳамчунин, гуфт, ки аз ҳар муассисаи ҷамоат бояд лоақал 4 нафар гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Мардуми ноҳияи Айнӣ гуфт Раиси ноҳия имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар вазифаҳои баланд кору фаъолият доранд ва замоне онҳоро ҳамин муассисаҳо таълиму ҳамин мардум тарбия кардаанд ва имрӯз онҳо барои миллату ватани азизамон хизматҳои шоиста анҷом медиҳанд. Мо бояд барои ояндаи ободи кишвар низ кадрҳои доною тавоно ва соҳибилму соҳибмаърифат тарбия намоем, ин вазифаи ҷонии Шумо омӯзгорони соҳибхиради ноҳия аст.
Раиси ноҳия ҳамчунин, бо фаъолияти соҳаи тандурустии ҷамоат ошно шуда, ба тозагию озодагии онҳо ва хизматрасонии сифатан хуб баҳои баланд дод. Маълум гардид, ки дар муассисаҳои тандурустӣ беморон бемалол истифода мекунанд ва дар ҳар беморхона мизоҷон ҳатто аз ноҳияи ба мо ҳамсоя Кӯҳистони Масичоҳ табобат гирифта истодаанд. Рӯзибой раҳимзода ба масъулон изҳори таҳсин намуда, қайд кард, ки хизматрасониро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.
Дар муассисаҳои фарҳангии ҷамоат низ корҳо бад набуда, боз ҳам фаъолияти пурсамар мехоҳад. Раиси ноҳия бо кормандони клубу китобхонаҳо сӯҳбат карда, барои ҷоннок кардани кор дар ин самт супоришҳои қатъӣ дод.
Зимни боздид аз ҷамоати болозикр сокинон аз Раиси ноҳия барои бунёди майдончаҳои варзишӣ, таъмири муассисаҳои иҷтимоии ҷамоат талабу дархостҳо карданд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода гуфт, ки зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон албатта, дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч чун дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо дарназардошти талабу дархостҳои Шумо албатта, муассисаҳои соҳаи иҷтимоии деҳоти Шамтучро давра ба давра нақшабандӣ карда, бо дастгирии худи Шумо таъмиру таҷдид менамоем.
и ещё 32
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

63

Leave a Reply

Back to top button